Исроил дар заминҳои ишғолии Фаластин 1460 манзил бунёд карданист
Мақомоти Исроил барои бунёди 1460 манзили истиқоматӣ дар минтақаҳои ишғолияш дар Фаластин тендер эълон кардааст.
Ба иттилои бахши русии Бӣ-Бӣ-Сӣ, аз ин, 900 манзил дар соҳили ғарбӣ ва 560-то дар соҳили шимолии Байтулмуқаддас сохта мешавад. Ури Ариэл, вазири сохтмони манзилҳо гуфтааст, ин тасмим танҳо оғози амалҳои ҷавобии Ислоил дар қиболи сулҳи ҳаракати фаластинии ХАМОС ва ФАТҲ аст.
Созмони раҳоии Фаластин амалҳои Исроилро зери танқид гирифта гуфтааст, ба Шӯрои амният ва Ассамблеяи генералии СММ шикоят мебарад. Нақшаи Исроилро шарики аслияш – ИМА ҳам интиқод кардааст. Дан Шапиро, сафири ИМА дар Исроил гуфтааст, Вашингтон зиди эълони тендер ва сохтмони манозил дар соҳили ғарбии Байтулмуқаддас аст.