Вазифаи нави ҳамсари Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон
Иқболхон Нозирова, ҳамсари Қоҳир Расулзода, ки баъд аз таъини шавҳараш ба симати нахуствазири Тоҷикистон, аз Хуҷанд ба Душанбе омад, вазифаи нав гирифтааст. Тавре аз Вазорати фарҳанг ба “Озодагон” хабар доданд, Иқболхон Нозирова, директори барномаи фарҳангии ҳамоишҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон таъин шуда, ин мақоми муваққатист ва музде надорад.
Як манбаъ аз Вазорати фарҳанг дар сӯҳбат бо “Озодагон” ин иттилоъро тасдиқ намуда, афзуд, Иқболхон Нозирова алакай дар бинои вазорат бо утоқи корӣ таъмин шуда, ба кори худ шурӯъ намудааст. Пештар Иқболхон Нозирова роҳбарии “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷандро ба уҳда дошт. Ӯ баъд аз сарвазир шудани ҳамсараш аз роҳбарии “Кохи Рӯдакӣ” барканор шуда, ҳамроҳи шавҳараш ба Душанбе омада буд.
Тоҷикистон имсол раёсати Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро ба уҳда дорад ва моҳи сентябри соли равон дар Душанбе ҳамоиши сарони кишварҳои узви ин созмон дар назар аст.