“Инҷил”-ро ба забони узбакӣ барои муҳоҷирони корӣ тарҷума мекунанд
Ибодатгоҳи православҳои рус барои муҳоҷирони корӣ китоби Инҷил (Библия)-ро ба забони узбакӣ тарҷума мекунанд. Ба иттилои расонаҳо, ин иқдом бо ҳимояти Донишкадаи тарҷумаи Инҷили Стокҳолм (Шветсия) сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки Димитрий Першин, раҳбари комиссияи миссионерии православҳои рус моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ҳукумати Русия бояд онҳоро дар тарҷумаи Инҷил ба забонҳои мардуми Осиёи Марказӣ кумак кунад. Ӯ изҳор доштааст, ки ин ташаббусаш барои ҳамгироии сокинони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҷомеаи Русия кумак карда, барои ошноии хуб бо фарҳангу одатҳои мардуми замина мешавад.
Комиссияи миссионерӣ давоми беш аз ду сол аст, ки бо Хадамоти федеролии Русия ҳамкорӣ дорад. “Инчунин дар бораи ташкили курсҳои забономӯзӣ, фарҳанг ва таъриху қонунгузории Русия дар ибодатгоҳҳои православҳо низ хабарҳое шунида мешавад”,-навиштаанд расонаҳо.