Намояндаи ҷамъияти мусулмонон мудаии курсии президенти Фаронса
Рашид Некказ, соҳибкори фаронсавӣ, ки барои ҷуброни ҳақи ҷароими мусулмонони ҳиҷобпўш машҳур гардид, бори дуввум муддаи курсии раисҷумҳури Фаронса шудааст.
Бино ба гуфтаи худи ҷаноби Некказ даъвии мубориза ба курсии президентии Фаронса шуданашро пайдо кардани имконоти бештари мубориза бо ноадолатӣ ва хушунат нисбати инсонҳо таҳрик додааст. Рашид Некказ аз роҳи худпешбарӣ, баъди он ки ҳизби сотсиалистӣ ширкати ўро дар интихоботҳои ибтидоии ҳизбӣ рад кард, вориди сабқати сиёсӣ шудааст. Рашид Некказ мегӯяд, ҷарима шудани занони мусулмон барои пўшидани либос тибқи талаботи мазҳабиашон поймол кардани ҳақи онҳо мебошад. Ў гуфтааст, мусулмонон чун дигар шаҳрвандони Фаронса дар пўшиши либос ва ба кадом ранг ба кўча баромадан мухтор ҳастанд. Ин интихоби онҳост, ки бояд арҷ гузошт.
Кўчаву хиёбонҳои шаҳр- мавзеъҳои озодӣ ҳастанд, хулоса кардааст Рашид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2007 Рашид Некказ дар интихоботи президентии Фаронса ширкат дошт ва аммо бо сабабаи нагирифтани орои лозима шикаст хўрда буд.