Бозии тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Эстонияро доварон аз Латвия назорат мекунанд
Дидори дӯстонаи футбол миёни яккачинҳои Тоҷикистон ва Эстонияро ҳайати доварон аз Латвия назорат хоҳанд кард.
Гедиминас Мажейкаи 36-сола, довари ФИФА сардовари бозӣ таъин шудааст. Витаутас Симкуси 39-сола ва Витенис Казлаускаси 27-сола ёварони ӯ хоҳанд буд.
Дидори дӯстони Тоҷикистону Эстония соати 20:00 (ба вақти Душанбе)-и 7 июн дар варзишгоҳи “А. Ле Кок Арена”-и шаҳри Таллин баргузор мешавад. Тими миллии Тоҷикистон, ки шоми 5 июн ба Таллин рафт, ба тамринҳо оғоз кардааст.