Зиндонӣ шудани донишҷӯи Донишгоҳи техникӣ барои таҷовузи Мадинаи 4-сола
Додгоҳи олии Тоҷикистон Сироҷиддин Қараев, ҷавони тоҷикро, ба ҷурми таҷовуз ба номуси духтари чаҳорсола ба 27 солу 6 моҳи равони зиндон кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” полковник Мансур Бухориев, мушовири калони вазири умури дохилии кишвар, хабар дод ва гуфт, ин воқеа тобистони соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат иттифоқ уфтодааст.
Ҷаноби Бухориев гуфт, додгоҳ Сироҷиддинро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2 (одамкушӣ), моддаи 117, қисми 2 (азобу уқубат), моддаи 138, қисми 3 (таҷовуз ба номус), моддаи 130, қисми 3 (одамрабоӣ) гунаҳкор дониста, ҳукми зиндони ӯро охирҳои майи соли ҷорӣ содир кардааст.
Ба қавли мушовири калони вазири умури дохилии кишвар, Сироҷиддин Мадина Сафароваи чорсоларо ҳамроҳи хоҳари бузургаш С., ки он замон дар синфи нуҳум хонда, бо ӯ телефонӣ суҳбат ва гоҳо мулоқот мекардааст, дидааст. Баъд аз он ки, мегӯяд Мансур Бухориев, С. пешниҳоди Сироҷиддинро дар бораи ҳамхобагӣ рад мекунад, ӯ Мадинаи чорсоларо ба мошинааш савор карда, ҷониби шоҳроҳи Ваҳдат-Кӯлоб, назди пул ё купрӯки дарёчаи Элок мебарад.
“Ӯ бо зӯр духтарчаро таҷовуз карда, сипас бӯғӣ карда мекушад. Ҷасади Мадинаро барои рӯпӯш кардани ҷинояти худ ба наздикии деҳаи Навбаҳор бурда пинҳон мекунад”,-мегӯяд Бухориев. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ин ҷиноят пинҳон намонд ва Сироҷиддин Қараев боздошт ва ҳоло равонаи зиндон гардид.
Ин ҳама дар ҳоле будааст, ки Сироҷиддин Қараев, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, оиладор буда, як кӯдак ҳам доштааст.