Дар Панҷакент дафтари ҲНИТ-ро вайрон карда, гуфтаанд, ки...
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, бо амри мақомоти интизомии кишвар бинои дафтари ин ҳизб дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд қисман вайрон карда шудааст. Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент, гуфт, ин кор рӯзи панҷуми июн сурат гирифта, ҳангоми тахриби дафтари онҳо намояндагони додситонӣ, раёсати амният ва умури дохилӣ ҳузур доштаанд.
Ба қавли Ҳасанзода, мақомот ваъда додаанд, ки бар ивази ин дафтари вайроншудаи ҳизб замин ҷудо хоҳанд кард. “Мақомот пештар хотиррасон карда буд, ки аз сабаби дар канори роҳ будани дафтари ҳизб эҳтимол он тахриб карда шавад. Қарори қаблӣ, ки арзи роҳи автомобилгардро дар дохили шаҳр 34 метр арзёбӣ мекард, ба 18 ё 20 метр иваз карда шуд ва аз ин рӯ, қароргоҳи ҳизб бояд ҳифз мешуд, вале имрӯз масъулон боз ба тахриби бино шурӯъ намуданд”,-афзуд ӯ.
Тайи чанд моҳи охир мақомоти вилояти Суғд барои фаъолияти бахшҳои ҲНИТ дар Исфараю Спитамен низ мушкил эҷод карда буданд.