Бонки рушди Олмон тасмим гирифтааст, барои мубориза алайҳи бемории сил ба ҷумҳурии мо 6,9 миллион евро ҷудо намояд.
Дар ин бора дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон миёни ин вазоратхона ва бонки номбурдаи Олмон –KFW шартнома ҷиҳати пешниҳоди маблағҳои грантӣ ба имзо расид.Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорат иттилоъ доданд, маболиғи мазкур ҷиҳати татбиқи давраи 4-уми лоиҳаи «Мубориза алайҳи бемории сил» масраф хоҳад шуд. Ин тарҳ маблағгузории иловагиро барои таъмини сифати хизматрасонӣ дар БҶБС «Мачитон» ва ҳамчунин маблағгузориро барои барқароркунӣ ва таҷҳизонидани беморхонаи «Деҳмой»-и вилояти Суғд пешбинӣ менамояд.
Манбаъ афзуд, ин чорабинӣ қисми таркибии барномаи минтақавии мубориза алайҳи бемории сил дар Осиёи Марказӣ мебошад. Гуфтанист санади мазкурро аз сӯи Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо ва аз ҷониби Бонки рушди Олмон-KFW Олега Гефеле, менеҷери лоиҳавӣ оид ба тандурустӣ имзо намуданд.
Маврид ба ёдоварист, Бонки рушди Олмон KFW лоиҳаҳоро дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва кишварҳои иқтисодашон дар ҳолати гузариш қарордошта маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин хизмати машваратиро вобаста ба татбиқи лоиҳаҳо анҷом медиҳад.