Дастури Раҳимзода алайҳи фоҳишагарӣ ва “санҷиш”-и домодҳо
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 5 июн бо баргузории як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо изҳори нигаронӣ кардааст.
Бар асоси иттилои масъулони ВКД, Раҳимзода нисбат ба масъулони мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ ва харидуфурӯши одамон ҷазои сахти интизомӣ эълон карда, супориш додааст, дар ҷумҳурӣ барои пешгирии фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон, истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо рейдҳои масус роҳандозӣ шаванд.
Вазири тоҷик таъкид намудааст, тамоми афроде, ки ба мақомоти умури дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас карда мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои олоти таносул, ба монанди масунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои дигари ҷинсӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд.
“Ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд”,-афзудааст ӯ. Бо зикри ин ҳама, Рамазон Раҳимзода пешниҳод кардааст, ба Кодекси оила тағйиру илова ворид карда шавад, то ки шаҳрвандон пеш аз хонадоршавӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.
Вазорати умури дохилӣ ҳадаф аз ин пешниҳоди вазирро мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо арзёбӣ намуд.