АКСУ ВИДЕО: Хушкшавии шоҳбулутҳои 1500 $-ӣ дар Душанбе
Хабаргузории “Озодагон” дар рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5 июн таҷлил мешавад, қарор кард, ҳолати шоҳбулутҳое, ки аввали соли ҷорӣ дар Душанбе шинонда шуданд, инъикос намояд. Мақомоти Душанбе эълон карда буданд, қимати умумии ин шоҳбулутҳо, ки аз Белгия оварда шудаанд, 22 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тавре мушоҳида шуд, ҳоло чанде аз ин шоҳбулутҳо майли хушкшавӣ доранд. Дар ҳоле ки танҳо барои як шоҳбулути белгиягӣ дар Душанбе 1 ҳазору 505 доллар сарф шудааст.
Қаблан, санаи 23 апрели соли ҷорӣ, кормандони бахши кабудизоркунии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфта буданд, ки шоҳбулутҳо дар обу ҳавои Тоҷикистон комилан мутобиқ намешаванд. С.Шарифов, яке аз коргарони бахши кабудизоркунии Душанбе, он замон гуфта буд, дар кӯчаи “Бохтар”-и пойтахт шохаҳо ва навдаҳои шоҳбулутро мебуранд, то дарахт аз реша ҷон бигирад.
Вазъи шоҳбулутҳои якуним ҳазордолларӣ дар Душанбе дар аксу видеои хабарнигори “Озодагон”:Сабти моҳи апрели 2014:Сабти моҳи июни 2014: