Назари Раҳмон ба интихоботи Афғонистон ва интизорӣ аз раисиҷумҳури нав
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муътақид аст, ки даври дуюми интихоботи раисиҷумҳури Афғонистон, ки 14-уми июн дар назар аст, дар фазои мусоид ҷараён хоҳад гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5-уми июн дар мулоқот бо Зирор Аҳмад Усмонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон изҳор доштааст, ки интихоби дарпешистодаи мардуми афғон боиси таҳкими бештари амну суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.
Дар даври дуюми интихоботи раисиҷумҳури Афғонистон ду номзади пешсафи даври аввал доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай вориди рақобат мешаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон бо ғолибияти Абдулло Абдулло анҷом хоҳад ёфт.
Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон интихоб шудан ва ба иҷрои вазифаҳо шурӯъ намудани президенти нави Афғонистон раванди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар мулоқот бо вазири афғон таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, энергетика ва нақлиёту роҳсозӣ зоҳир гардид: “Аз ҷумла ҷонибҳо аз фаъолияти босамари хатти барқии 220-киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ изҳори хушӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои татбиқи босамари лоиҳаи сохтмони хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 низ дар ҳамоҳангӣ ҷаҳду талош бояд кард.”
Дар ин мулоқот рушди ҳамкориҳо дар хусуси сохтмони босуръат ва босифати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва татбиқи босамари дигар лоиҳаҳои минтақавиии зербиноӣ зарур шумурда шудааст.