VIDEO: Баҳси доғи Кабирӣ, Шарифов ва Шабдолов бо Маҳмудзода дар парлумон
Ҳумайрои БАХТИЁР
Масъалаи хусусӣ кардани манзилҳои давлатие, ки ба додрасҳои Додгоҳи Қонуни асосӣ (Суди конститутсионӣ)-и Тоҷикистон дода мешавад, баҳси доғеро дар Маҷлиси Намояндагон барпо кард. Иддае аз вакилон бар хилофи ин пешниҳод баромада, онро мухолифи қонунҳои ҷории кишвар донистанд. Ин баҳс рӯзи 4 июн, ҳангоми ворид кардани ислоҳу тағйирот ба қонун дар бораи Додгоҳи Қонуни асосӣ, доир шуд.
Маҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, ҳангоми муаррифии тарҳи иловаҳо гуфт, ки то ин дам ба қонуни мазкур 132 тағйиру илова ворид карда шудааст, ки он ба рушди демократии кишвар мусоидат мекунад. Ҷаноби Маҳмудзода дар ҳузури вакилони мардумӣ афзуд, “яке аз моддаҳои аслӣ ва нав ин аст, ки иҷоза дода мешавад, то аз ҷараёни мурофиаҳо садо, акс, навор ва дар ҳолатҳои дигар пахши мустақим бошад. Қаблан чунин як банди қонун вуҷуд надошта, танҳо иҷозаи сабти садо буд.”
БАҲСИ ХОНАИ ДАВЛАТӢ
Маҳкам Маҳмудзода мегӯяд, ин тағйирот бо ҳадафи фароҳам овардани шароит, огоҳ ва дастрас кардани мардум бо қарору таъиноти Додгоҳи Қонуни асосӣ мебошад. Ба қавли ӯ, 7 додраси ин додгоҳ аз имтиёзҳое, ба монанди истифодаи телефон, пардохти баъзе аз таъминоти иҷтимоӣ, истифодаи нақлиёт, таъмини нафақаи касбӣ ва манзили бепул бархӯрдор ҳастанд. Ҷаноби Маҳмудзода бо ишора ба таҳрири нави қонун дар бораи Додгоҳи конститутсионӣ гуфт, ҳар додрас баъд аз даҳ соли ифои вазифа метавонад, манзили зисти давлатиро шахсӣ гардонад.
Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон, аз чунин имтиёзи додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ҳеч зарурате барои қабули қисми 2-и моддаи 68 намебинад: “Барои чӣ хонаи истиқоматӣ баъд аз 10 сол бепул ҳамчун моликияти шахсии додрас бояд шавад? Ин дар кадом асос? Оё қонунгузории Тоҷикистон чунин имконият додааст, ки мансабдорон метавонанд манзилҳои давлатиро хусусӣ гардонанд? Мо, вакилон, медонем ва ин масъаларо чанд бор ба баҳс гирифта будем. Ин муқобили қонуни амалкунанда нест?”
БАРОБАРИИ ДОДРАСҲО БО ҚАҲРАМОНҲО
Ҷаноби Шарифов аз он тааҷҷуб кард, ки муаллифони таҳрири нави қонун “Дар бораи Додгоҳи конститутсионӣ” шароити моддиву молиявии додрасҳои ин додгоҳро ба қаҳрамонҳои кишвар баробар кардаанд. Дар ҷавоб Маҳкам Маҳмудзода гуфт, имтиёзҳо ба додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ ба хотири ба даст овардани адолату устуворӣ ва таъмини дахлнопазирии онҳо пешбиниӣ карда шудааст. “Додрас бояд кафолати иҷтимоӣ дошта бошад”,-таъкид дошт ӯ.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз додани имтиёз ба додрасҳои Додгоҳи Қонуни асосӣ дастгирӣ намуда гуфт, “теъдоди онҳо хеле кам аст. Додраси Додгоҳи конститутсионӣ мақоми хеле баланд аст. Онҳо бояд шароит дошта бошанд. Агар давлат тавонад, чунин шароитро фароҳам созад, хеле хуб аст.”
ҶОНИБДОРӢ ВА СУОЛИ КАБИРӢ
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, гуфт, аз қонун ва додани имтиёз ба ин додрасҳо ҷонибдорӣ мекунад. Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, як додрас кафолати иҷтимоӣ дошта бошад, то тавонад қарорҳои мустақил ва бетарафона барорад. Раиси ҲНИТ бо ишора ба таҷрубаи додгоҳҳои конститутсионии кишварҳои дигар гуфт, онҳо қарорҳое мебароранд, ки воқеан ҷасорат мехоҳад. “Аммо дар таҷрубаи Тоҷикистон чунин набуд. Чаро, магар шикояткунандаҳо далели кофӣ надоштанд, ки Шумо қонеъ кунед? Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳоло шикоят нисбат ба қарорҳои додгоҳӣ хеле зиёд аст. Шояд мисол меовардед, ки чанд бор даъво, шикоятҳои шаҳрвандон ва ё ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ алайҳи мақомоти ҳукуматӣ қонеъ шуда, қароре қабул шудааст, ки мустақилияти додгоҳи конститутсиониро исбот карда бошад?”
Дар посух ба ин пурсишҳои Муҳиддин Кабирӣ раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ гуфт, дар таҷрубаи худ ин додгоҳ чанде аз қарорҳоро рад кардааст. Маҳкам Маҳмудзода гуфт, давоми фаъолият онҳо 11 қарори додгоҳӣ баровардаанд, ки он аз қонун то қарору низомномаҳои вазорату ниҳодҳои давлатиро бекор кардааст: “Дар ҳамин 5 соле, ки ман роҳбар ҳастам, ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, додрасҳо, ҳизбҳои сиёсӣ муроҷиат карданд. ҲНИТ расман ду бор ба мо муроҷиат кард. Дар як ҳолат мо қарори додгоҳӣ қабул карда, дафъаи дувум таъинот қабул кардем. Додгоҳи конститутсионӣ барои он нест, ки тамоми қарору қонунҳоро рад кунад.”
Маҳкам Маҳмудзода афзуд, салоҳияти Додгоҳи конститутсионӣ ин муаяйн кардани меъёрҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ ба Сарқонун мебошад. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, ҳам дар навбати худ аз Маҳкам Маҳмудзода суол кард, ки қонуни амалкунандаи Додгоҳи конститутсионӣ чӣ камбуд дошт ва оё ин қонун дар таҳрири нав барои ҳалли мунсифонаи баҳсҳои додгоҳӣ замина хоҳад гузошт, ё на?
Маҳкам Маҳмудзода дар ҷавоб ба ин саволи вакили парлумон гуфт, давоми 5 соли охир ба Додгоҳи конститутсионӣ 2 ҳазор муроҷиат аз ҷониби чанд субъект ворид шудааст. Дар ин муроҷиат масъалаҳое мондаанд, ки мо ҳаллу фасл мекардем, аммо қонуни мо ба он иҷоза намедод: “Ҳоло бо таҳрири нав мо шароитро беҳтар мекунем, чун масъалаи мурофиаҳои додгоҳӣ такмил ёфтанд. Ҳамакнун имконият ҳаст, то дар мурофиа коршинос, тарҷумон ширкат дошта, аз рафти он садо, акс ва навор бардошта шавад, ки ин қаблан набуд.”
Дар идома Маҳкам Маҳмудзода ба нигаронии вакилон ва ишора нагардидани шаҳрвандии додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ гуфт, ин ҷойи баҳсе нест. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудзода, қонунгузории кишвар пешбинӣ кардааст, ки тамоми мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон таъин карда мешаванд.