Кумитаи дин болоравии нархи Ҳаҷро "айб"-и доллар донист
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими имсолаи Ҳаҷ 539 сомонӣ боло рафта, 18 ҳазору 164 сомониро ташкил медиҳад.
Масъулони ин ниҳод мегӯянд, нархи нав дар натиҷаи тавофуқ ва шартнома бо ширкати хизматрасони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муайян гардидааст. Кумитаи дин омили асосии болоравии нархи Ҳаҷро афзоиши қурби доллар гуфт, ки соли гузашта арзиши як доллар 4,83 сомониро ташкил медод ва имсол то ба 4,97 сомонӣ боло рафтааст.
“Инчунин, имсол таъмини суғуртаи зоирон низ аз ҷониби Кумита ба роҳ монда шудааст”,-таъкид шудааст дар иттилоияи Кумитаи дин. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, 18 ҳазору 164 сомонӣ чиптаи ҳавопаймо, маблағи равоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, суғурта (бима), кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди бемориҳои сирояткунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраро дар бар мегирад.