Сардори мизи ҳарбӣ барои билет 1 200 $ талаб кардааст
Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми фурӯши билети ҳарбӣ Амирхон Тағоев -- сардори мизи ҳарбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро боздошт намудааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, Тағоев бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз сокини ин ноҳия барои омода намудани билети ҳарбӣ барои писараш 1 ҳазору 200 долар талаб кардааст.
Манбаъ мегӯяд, Тағоев ҳангоми гирифтани 900 доллар аз модари ҷавон боздошт шуда, тафтишоти парванда алайҳи ӯ ҳанӯз ба охир нарасидааст.