Боздошти як сангфурӯш дар шаҳри Душанбе
Дар Душанбе бо ҷурми хариду фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо як сокини 30-солаи пойтахт боздошт гардид.
Бино ба иттиллои вазорати умури дохила, аснои амалиёти вижаи кормандони милиса Сайнуриддин Зиёев, истиқоматкунандаи кӯчаи Қаҳҳоров мавриди тафтиш қарор гирифт.Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз кисаи ӯ 141 дона сангҳои рангашон сурхчатоб ва 1 адад санги рангаш сабз дарёфт шуд.Мувофиқи ташхис ва маълумоти нозироти давлатии назди вазорати молияи кишвар, сангҳои мусодирашуда «ёқут» ва «зумуррад» буда, вазни умумии онҳо 94,48 грамро ташкил медиҳад. Оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишоти қаблӣ идома дорад.