Сабти 127 ҳолати қонуншикании хориҷиён дар Суғд
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, дар пайи санҷишҳо тайи 5 моҳи аввали соли равон нисбати шаҳрвандони хориҷӣ 127 парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ шудааст.
Ба иттилои манбаъ аз ҷумла зимни санҷиш дар 35 корхона ва ширкатҳои муштарак дар Суғд нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, танҳо дар доираи марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал - 2014» дар вилояти Суғд дар нимаи дуюми моҳи май 19 ҳолати қонуншикании хориҷиён сабт шудаанд. Манбаъ таъкид мекунад, ки амалиёт зидди қонуншикании хориҷиён идома хоҳад ёфт.