Башор Асад раисиҷумҳури Сурия боқӣ монд
Башор Асад, раисиҷумҳури амалкунандаи Сурия дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда, акнун барои 7 соли дигар зимоми қудратро дар даст хоҳад дошт.
Бино ба иттилои Associated Press, шоми рӯзи гузашта, 4 июн, раиси парлумони Сурия натиҷаи ниҳойии овоздиҳиро эълон кардааст. Ба ҷонибдории Башор Асад 88,7 дар сад (беш аз 10,3 миллион нафар) раъй додаанд. Рақибони ӯ -- Ҳасан Абдул Иллоҳӣ ан-Нурӣ (профессори донишгоҳи Димишқ) ва Моҳир Абдул Ҳафиз Ҳаҷир (вакили парлумон) мутаносибан 4,3% ва 3,2% овоз гирифтаанд.
Суди конститутсионии Сурия гуфтааст, дар интихоботи президентии рӯзи 3 июн 73,42 дар сади одамони соҳиби раъй ширкат кардаанд. Мавриди ёдоварист, ҷараёни баргузории интихоботи президентии Сурияро намояндаҳои 9 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон ва Русия ҳам назорат карданд.
Башшор Асад 27 майи соли 2007 дар интихобот 97,62 дарсади ороро ба даст оварда буд.
Сурия аз соли 2011 дар домани ҷанги шаҳрвандист. Ба иттилои манобеи хабарӣ, теъдоди қурбониёни даргириҳо миёни ҳукумат ва мухолифон марзи 160 ҳазор нафарро убур кардааст.