Боздошти мансабдори 65-сола барои хариду фурӯши замин
Раҳмоналӣ Боев, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии №10 дар шаҳри Ваҳдат, бо иттиҳоми “хариду фурӯши замин” боздошт шудааст.
Бино ба иттилои торнамои Вазорати умури дохилӣ, номбурдаро 3 июн ҳангоми “гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ” дастгир кардаанд. “Муайян карда шуд, ки ӯ моҳи майи соли ҷорӣ ғайриқонунӣ аз ҳудуди корхонаи мазкур барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон: Шералӣ Маҳмудов (соли таваллудаш 1961), сокини ноҳияи Ёвон ва Ширинзода Ғайратшо (соли таваллудаш 1988), сокини ноҳияи Ваҳдат ба маблағи 4000 доллари амрикоӣ 1,5 сотихӣ заминро бе ягон ҳуҷҷат тақсим намудааст”,-навиштааст манбаъ.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш ҷараён дорад.