Тоҷикистонро боз борон, раъду барқ ва жола интизор аст
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 7-8-уми июн кишварро боз ҳавои номуътадил интизор аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзҳои 7-8-уми июн борони кӯтоҳмуддати бошиддат, дар баъзе минтақаҳо раъду барқ ва жола дар назар аст: “7-уми июн ҳарорати ҳаво то 5-6 дараҷа мефарояд ва дар навоҳии кӯҳӣ эҳтимоли омадани сел мавҷуд аст. Сатҳи оби дарёҳо низ дар кишвар боло хоҳад рафт.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи боришоти зиёд ва омадани селоб дар Душанбе як кӯдаки 5-сола фавтида буд.