АКС: Умри кӯтоҳи роҳҳои нави Душанбе. Ё киро фиреб медиҳем?
Роҳи навбунёди кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе (назди бинои “Шарқи Озод”), ки ҳанӯз мавриди истифода қарор нагирифтааст, сифати аслии худро баъд аз боронгариҳои рӯзи якшанбеи гузашта нишон дод. Дар ҳоле ки марҳилаи дуюми азнавсозии роҳи кӯчаи Соҳилӣ идома дораду бояд октябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад, аз ҳоло бисёр ҷои он фурӯ рафта, лӯлаҳои пластикие, ки кашида буданд, ба фишори об тоб наоварда, кафидаанд.