Имрӯз аз муассисаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии №3/6-и вазорати адлия, ки дар ноҳияи Ёвон ҷойгир аст, 273 нафар маҳбус тибқи қонуни афв озод шуданд.
Хабарнигори «Озодагон» дар такя ба ҳарфҳои масъулини раёсати зиндонҳо мегӯяд, дар зиндони мазкур маҷмӯан 622 нафар адои ҷазо менамоянд. Падари яке аз маҳбусони озодшуда дар ҷараёни озодшавии маҳбусон гуфт, писараш бо ҷурми дуздии як телефон ба мӯҳлати 2 сол равонаи зиндон шудааст, ки 1,5 солашро дар маҳбас сипарӣ намудааст. Генерал Изатулло Шарипов, сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба маҳбусон гуфтаааст, ки кӯшиш кунанд, то дубора ба ин ҷо бар нагарданд. Гуфтанист, рӯзҳои наздик аз ин зиндон 32 нафар маҳбусин, ки бо ҷурми узвият дар ҳаракати ифротии «Ҷамоаи таблиғ» ҳабс шуда буданд, ба озодӣ хоҳанд баромад.