Боздошти иштирокдорони дигари “разбор”-и 30 май дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи рӯзи 30 май дар Душанбе, ки бо марги Бурҳонидин Зарифов, хонандаи синфи 11 анҷом ёфт, алайҳи се нафари дигар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти ВУД, баъд аз боздошти 9 нафар ва таҳқиқот боз се сокини дигари Душанбе ба гумони шарикӣ дар ин ҷиноят боздошт шудаанд. Манбаъ гуфт, боздоштшудагони нав Фарҳод Рауфов, Фазлиддин Сатторов (соли таваллудашон 1996) ва Баҳодур Раҳимов (соли таваллудаш 1994) меошанд.
Қаблан, Баҳриддин Давлатбеков, сардори гуруҳи тафтишотии ин қазия ба “Озодагон” гуфт, “муноқиша аз нофаҳмии ду хонанда дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” оғоз шудааст, ки яке дигареро мегӯяд, ту арӯс надорӣ. Баъд аз ин ҷойро муайян мекунанду мулоқот мекунанд, ки бо кордчазанӣ ва куштори як нафар анҷомид.”
Давлатбеков афзуд, нафари кушташуда ба ин нофаҳмиҳо, дахле надоштааст, вале чун варзишгар буд, ба муноқиша даъват гардидааст: “Муайян гардид, ки Бурҳониддинро як ҷавони соли таваллудаш 1996 корд задааст, ки таҳсилро аз синфи 8-ум қатъ карда, то ҳол дар ҷое нахондааст.”
Бурҳониддин Зарифов, хонандаи синфи 11 бегоҳи 30 май зимни муноқишаи мактаббачаҳо ба ҳалокат расидааст. Ӯ, истиқоматкунандаи деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат будааст, ки барои таҳсил дар хонаи хоҳари калонияш дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекардааст.