Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми июн бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе масоили густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот иҷрои қарордодҳо ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ матраҳ гардидаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо аз машваратҳои сиёсии ду кишвар, ки тибқи «Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар соли 2014» доир шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори таҳкими ҳамкориҳои тарафайн судманд шудаанд.