Ҳимояти Кабирӣ аз имтиёз ба судҳо ва мухолифати Суҳроб Шарипов
Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми июн, бо қабули қонун дар бораи суди конститутсионӣ дар таҳрири нав ба додрасҳо имтиёзҳои навро ироа кард.
Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон зимни муаррифии қонун дар таҳрири нав гуфт, тибқи муқаррароти нав судҳои констутсионӣ аз ҷумла бо хонаи давлатӣ таъмин мешаванд ва баъди 10 соли фаъолияташон соҳиби комилҳуқуқи он мегарданд.
Аммо Суҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мухолифи ироаи имтиёзҳо ба додрасҳои алоҳида баромада, суол гузошт, ки чаро имтиёзҳои зиёд ироа мешаванд, ки баробар ба қаҳрамонҳои Тоҷикистон мебошанд?
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон додани имтиёзҳо ба додрасҳоро ҳимоят карда, изҳори умед намуд, ки чунин имтиёзҳо барои фаъолияти мустақилу мунсифонаи додрасҳо мусоидат хоҳанд кард.
Маҳкам Маҳмудзода изҳор дошт, ки имтиёзҳо тибқи муқаррароти нав танҳо ба судҳои конститутсионӣ рабт доранд ва афзуд, ки чунин имтиёзҳо заруранд, чун додрасҳо бояд аз кафолати иҷтимоӣ бархӯрдор бошанд.
Тафсилоти баҳси имтиёз ба додрасҳо базудӣ нашр мешавад