Шикасти наврасони Тоҷикистон аз дастаи Туркия
Дар мусобиқаи IV байналмилалии «Ҷоми Каспий-2014» дар Боку мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниманиҳоӣ бо тими миллии наврасони Туркия қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрдааст.
Бино ба иттилои торнамои ФФТ, голи ягонаро наврасони футболи Туркия дар дақиқаи 67-ум ба ҳадаф расонидаанд.
Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ бошад, футболбозони навраси Эрон бо мизбони мусобиқа - тими Озарбойҷон, вориди сабқат шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шудаанд.
Ҳамин тариқ, рўзи панҷшанбеи 5-уми июни соли ҷорӣ дар даври ниҳоӣ дастаи наврасони Туркия бо тими наврасони Эрон ва Тоҷикистон бо соҳиби майдон - Озарбойҷон, қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ин мусобиқаи анъанавӣ барои бори чаҳорум дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб сурат мегирад.