Иҷозаи пахши мустақим аз ҷараёни мурофиаҳои додгоҳӣ
Қонуни Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионӣ (Додгоҳи Қонуни асосӣ), ки дар таҳрири нав 4 июн аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид, имкон медиҳад, хабарнигорон аз ҷараёни мурофиаҳо пахши мустақим намоянд. Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии қонун, гуфт, ин кор танҳо бо иҷозаи суди конститутсионӣ сурат хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол умдатан дар Тоҷикистон танҳо ҳангоми эълони ҳукм дар мурофиаҳои додгоҳӣ иҷоза медоданд, ки навору акс гирифта шавад. Қонуни Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионӣ дар таҳрири нав аз 15 бобу 86 модда иборат аст.