Шукрона Давлатова, хонандаи синфи панҷуми мактаби №172-и ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, аз тарси он ки муаллима озораш надиҳад, пеш аз дохили синфхона шудан рӯсарии худро аз сар гирифта, сӯзани онро дар даҳонаш гузоштааст, ки баъдан ба меъдаш рафтааст:
Чанд сол пеш Вазорати маорифи Тоҷикистон низоми либоси ягона (униформ) ва ё формаи мактабиро ҷорӣ кард, ки бар асоси он бо сатр ё рӯсарӣ ҳозир шудан дар таълимгоҳҳо, яъне мактабҳои миёнаву донишгоҳҳо, мамнуъст. Омӯзгорон аз толибаҳо ва донишҷӯён тақозо мекунанд, ки ҳамеша бо либоси ягона ба дарсҳо оянд.