Расонаҳои хориҷӣ менависанд, Қаззофӣ, ки 42 сол боз дар Либия зимоми ҳукуматро дар даст дошт, баъди ба дасти чирикиҳо гузаштани қароргоҳаш дар Бобулазизияи Троблус нопадид шудааст. Аммо сарҳанги фирорӣ қасам хӯрдааст, ки то пирӯзӣ ё марг хоҳад ҷангид. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки аз нахустин ҳомиёни чирикиҳои Либия маҳсуб мешавад, дирӯз дар Порис дар пайи мулоқот бо Маҳмуд Ҷибрил, аз сарони Шӯрои миллии гузор, гуфт, амалиёти НАТО дар Либия то замони шикасти комили режими Қаззофӣ идома хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Уго Чавес, президенти Венесуэла, ки аз дӯстони наздики сарҳанг Муаммар Қаззофист гуфт, фоҷеаи Либия акнун шурӯъ мешавад. Аммо ин изҳороти худро райисҷумҳур барои расонаҳо шарҳ надодааст ва манзур аз «фоҷиа» чӣ аст?