Дар доираи баргузории амалиёти “Кӯкнор-2011” мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 9 ҷинояти вобаста ба маводи мухаддирро ифшо карданд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз агентии назорати маводи нашъадор иттилоъ доданд, зимнан аз муомилоти ғайриқонунӣ 194 килову 145 грамм воситаҳои нашъаовар мусодира гаштааст, ки наздик ба 7 килои он ҳероин, 441,9 грам афюн ва 187 килову 371 грами боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад. Ҳамчунин 8 адад ҳабби МДМА (экстазӣ) низ кашф ва мусодира шудааст. Маврид ба ёдоварист, амалиёти “Кӯкнор-2011” аз 1 май оғоз гардид ва қарор аст то 30 ноябр идома кунад. Ба баргузории ин амалиёт кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ, фарҳанг, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, агентии назорати маводи нашъаовар, хадамоти гумрук, ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.{jathumbnail off}