Ваъдаи Имомуддин Сатторов барои ҳимояти муҳоҷирон дар Русия
Имомуддин Сатторов, сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи севуми июни соли ҷорӣ нусхаи эътимодномаашро ба Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия, супоридааст.
Бар асоси иттилои сафорати Тоҷикистон, оқои Карасин изҳори умед кардааст, ки сафири нав барои устуворию густариши муносиботи Душанбеву Маскав мусоидат хоҳад кард. Имомуддин Сатторов ҳам дар посух қотеона таъкид кардааст, барои тавсеа (рушд)-и ҳамкории стратегии Русия ва Тоҷикистон талош хоҳад кард.
Ӯ афзудааст, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ самти асосии фаъолияти сафирияш дар Русия хоҳад буд. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми мулоқоти Карасин бо Сатторов, инчунин, ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шудаанд.