Таърифи Озодаи Эмомалӣ аз сиёсати Амрико дар минтақа
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар машваратҳои сиёсии Душанбею Вашингтон, ки 3 июн баргузор гардид, масоили амниятӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории дутарафа баррасӣ гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, Озодаи Эмомалӣ, муовини аввали вазири умури хориҷӣ ва духтари раисиҷумҳур, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин машаваратҳо роҳбарӣ мекардааст, аз сатҳи феълии ҳамкории Душанбе ва Вашингтон изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ӯ ҳангоми суханронии худ нақши Амрико дар Эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар Афғонистон ва таъсири мусбати онро ба вазъи амнияти минтақа қайд намуда, инчунин, аз фаъолияти USAID дар Тоҷикистон тавсиф кардааст.
Дар навбати худ, Ниша Десай Бисвал -- ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамовозияшро бо Тоҷикистон дар масоили амниятӣ, аз ҷумла дар чолишҳои мавҷуда, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва террористӣ дар минтақа маншаъ мегиранд, баён кардааст: “Дар мавриди масъалаҳои озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон, намояндагони амрикоӣ сатҳи муколамаи мавҷударо дар ин соҳа баланд арзёбӣ карданд.”
Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, намояндагони Амрико, инчунин, аз ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон истиқбол намуда, ҳамкории фаъол байни се кишвар --Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро дар соҳаи энергетика муҳим хондаанд. Ба иттилои манбаъ, дар ниҳоят ҳар ду ҷониб ба машваратҳои баргузоршуда баҳои баланд дода, изҳори умед кардаанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд тавсеа ё рушд хоҳанд ёфт.