Ҷавоби Қодиров ба даъвои падари Меъроҷ ва “муҷозот”-и муаллим
Насибҷон Қодиров, сарвари мактаби рақами 42-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, иддаои Саидхон Азизхонов – як сокини ҳамин ноҳияро дар бораи латту кӯби писари мактабхонаш аз сӯи як омӯзгор беасос донист. Ӯ рӯзи 3 июни соли ҷорӣ дар тамос бо “Озодагон” гуфт, касе Меъроҷро латту кӯб накарда, баръакс, ӯ аз қабл аз дарди гӯш ранҷ мебурд ва ҳоло барои ҳамин дар бемористон бистарист.
НОМАИ САИДХОН АЗИЗХОНОВ
Ҷаноби Қодиров афзуд, “Аҳрор Мирзоҷонов, ҳамон тавре Азизхонов гуфтааст, муаллими тарбияи ҷисмонӣ набуда, балки аз фанни забони русӣ дарс медиҳад. Ӯ Меъроҷро назадааст, балки сарзаниш кардааст, ки чаро дар дарсҳо несту ба омӯзиши дигарон халал мерасонад. Меъроҷ ҳамон рӯз либоси мактабӣ ҳам надошта, бо шорти ва кепка ба дарс омада будааст. Муаллим гуфтааст, беҳтар аст, бо либоси ягонаи мактабӣ ба таълимгоҳ биёяд.”
Сарвари мактаби рақами 42-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд мегӯяд, ҳангоми ин ҳодиса дар мактаб набуд. “Аммо баъдан ҳудуди 10 омӯзгор шоҳидӣ доданд, ки Меъроҷро муаллим назада, танҳо сарзаниш кардааст”,-илова кард ӯ. Қодиров афзуд, “бо бобояш сӯҳбат доштам, чунки падараш дар Русия аст. Бобояш гуфт, наберааш шояд чанд рӯз ба мактаб наояд, чун гӯшаш дард мекунад. Аммо баъд Меъроҷро дар беморхона хобонда, бобояш ҳамроҳи модари Меъроҷ ба мактаб омада, ҷанҷол бардоштааст, ки ин чӣ хел мактаб ва барои чӣ муаллимаҳо рӯймол надоранду сари луч меоянд.”
Насибҷон Қодиров мегӯяд, агар Меъроҷ зарба мехӯрд, чаро бо гузашти 5-6 рӯз ӯро бистарӣ карданд. Дар посух ба пурсиши мо дар мавриди либоси ягонаи мактабӣ Насибҷон Қодиров гуфт, “воқеан, мактаб аз хонандаҳо барои либос маблағ мегирад, чун бо як ширкати хуҷандӣ дар ин маврид шартнома дорем, ки тамоми маблағро то 1 сентябр бояд пардохт кунем. Ман бо падари Меъроҷ сӯҳбат доштам ва гуфтам, ки то сентбяр пулаш шавад, барои либоси писараш фиристад. Дар ҳақиқат, аз синфи Меъроҷ танҳо ду нафар барои либоси мактабӣ пул надодаанд.”
Ба қавли директори мактаби 42-и ноҳияи Ашт, либоси мактабӣ барои писарбачаҳои синфҳои поёнӣ 135, барои духтарон 140 ва барои синфҳои болоӣ 175-180 сомонӣ будааст. Қодиров гуфт, Аҳрор Мирзоҷоновро барои сар задани ин ҳолат танбеҳ дода, эҳтимол аз сентябр дарсҳояшро кам кунанд.