“Ҷарроҳ барои ҷарроҳии ҷоғи шикаста 2 000 $ талаб кардааст”
Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми талаби ришва ҷарроҳи беморхонаи клиникавии вилояти Суғдро дастгир намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, миёнаи моҳи май ба Раёсати Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Суғд нафаре бо насаби Сайфуллоев муроҷиат карда, арз доштааст, ки духтури беморхонаи клиникавии вилоят барои ҷарроҳӣ кардани ҷиянаш, ки ҳангоми латту кӯб ҷоғаш шикастааст, 2 ҳазор доллар талаб дорад.
Манбаъ мегӯяд, ҷарроҳ баъд аз гирифтани пора дар саҳни беморхона дастгир шуда, тафтишоти парванда алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки аввали соли ҷорӣ Салимзода Нусратулло, вазири тандурустии Тоҷикистон ба суоли “Озодагон” дар мавриди порагирӣ дар ин соҳа изҳор дошт, бисёр мешунавад, ки фалон духтур бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шудааст.
“Аммо баъди чанде маълум мешавад, ки дубора раҳо шудаасту дар ҷояш кор мекунад”,-изҳори тааҷҷуб кард вазири тандурустӣ.