Азми Убайдуллоев барои аз байн бурдани миёнаравҳо дар Ҳаҷ
Шаҳрдории Душанбе барои ҳалли масоили вобаста ба ҳаҷ дар сомонаи бемиёнаравҳо- www.bemiyonaravho.tj, бахши наверо бо номи “Ҳаҷ 2014” кушодааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, бахши нав бо мақсади ҳалли фаврии масъалаҳои вобаста ба ҳаҷ ташкил шудааст: “Ҳадаф таъмини шаффофияти қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон аст, ки метавонанд дархост, ариза ва шикояти худро марбут ба ҳаҷ ирсол намуда, посух гиранд.”
Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе аз кумисюни шаҳрӣ оид ба созмондиҳии маросими “Ҳаҷ-2014” хоста буд, ки ҳангоми ба руйхатгирии сокинони пойтахт иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шавад. Инчунин, ӯ дастур додааст, то ба шахсони бори аввал ба зиёрати Хонаи Худо сафардошта имтиёз диҳанд.
Сомонаи “Бе миёнаравҳо” марбут ба шаҳрдории Душанбе аст, ки бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ҳалли фаврии мушкилоти сокинони пойтахт таҳия гардида, давоми 2 соли охир фаъолият дорад.