Шукрона: "Аз тарс ҳиҷобамро гирифта, сӯзанро дар даҳонам гузоштам, ки... ба меъдаам рафт" (ВИДЕО)
Шукрона Давлатова , хонандаи синфи панҷуми мактаби №172-и ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, аз тарси он ки муаллима озораш надиҳад, пеш аз дохили синфхона шудан рӯсарии худро аз сар гирифта, сӯзани онро дар даҳонаш гузоштааст, ки баъдан ба меъдаш рафтааст. Ҳоло Шукрона ҳамроҳи модари худ дар бемористони Қарияи Болои Душанбест ва табибон талош мекунанд, ӯро муоина карда, сӯзанро аз меъдааш берун оранд. Шаҳло Раҳимова , модари Шукрона, рӯзи 3 июн дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса як ҳафтаи пеш иттифоқ уфтода, то кунун дар маркази “Нурафзо” духтарашро шаш бор муоина кардаанд. Ба қавли Раҳимова, шабҳо духтари наврасаш бо ранҷи зиёд хоб меравад ва шикоят мекунад, ки сӯзан меъдаашро сӯрох менамояд. VIDEO
Худи Шукрона дар як сӯҳбати видеоӣ нақл кард, ки “вақте дар долони мактаб будем, муаллима Иброҳимова ҷанг кард, ки сатратро гир. Майлаш гуфтам. Аз муаллима тарсида, рӯсариро гирифтаву сӯзанро дар даҳонам монда, ногаҳон туфамро фурӯ бурдам, ки сӯзан ҳам рафт.” Шукрона мегӯяд, омӯзгорон намегузоранд, ки онҳо бо сатр дар дарсҳо ҳозир шаванд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, аҳли хонаводаашон ӯро бидуни сатр ба мактаб гусел намекунанд. “Мулалима мегӯяд, ба пеши мактаб расидед, сатрҳоятонро гиред. Ба ҷояш лентача кунед, ки директор бинад, ҷанг мекунад” ,-мегӯяд ӯ. Модари Шукрона мегӯяд, то ҳол дар ин бора ба ягон ниҳод муроҷиат накарда, барои муоинаи духтараш бештар аз дусад сомонӣ харҷ кардааст. Аз рӯи нақли ӯ, хонаводаи онҳо миёнаҳолона зиндагӣ мекунанд ва ҳоло барои идомаи табобати духтараш маблағи кофӣ надоранд. Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз корбарони Фейсбук барои ёрӣ ба Шукрона Давлатова пешниҳоди ҷамъоварии маблағро кардаанд. Худи Шукрона ва модараш ҳисоби бонкӣ надоранд ва корбарон мегӯянд, мумкин аст, онро тавассути ҳисоби бонкии як одами боварнок ҷамъоварӣ ва сипас дастраси ин духтари мактабхони ҳиҷобдор ва хонаводаи ӯ кунанд. VIDEO
Холбозор Пӯлодов , табиби Қарияи Боло, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, хонаводаи Шукрона ба онҳо 29 май муроҷиат кардаанд. “Ҳангоми навбатдории мо омада гуфтанд, ки духтар сӯзан хӯрда, як рӯз ба ҳеч кас нагуфтааст. Ин сӯзани борик буда, халанда нест. Он вақт дар рӯдаи борик буд. Мо назоарт кардем, ягон шикояти дард набуд. Гуфтанд, ки шароит нест ва пагоҳ меоем. Вақте пагоҳаш омаданд, сӯзан ба рӯдаи ғафс гузаштааст. Дирӯз ба бахши рентгенӣ омаданд, дидем, ки сӯзан нест. Барои ҳамин, ҳоло бояд ба таврик омил муоина карда, бовар ҳосил намоем, ки сӯзан ҳанӯз ҳам дар меъда ҳаст, ё не. Агар бошад, он халанда нест, фақат бояд назорат кунем. Дар ғайри сурат ҷарроҳӣ хоҳад шуд” ,-гуфт Пӯлодов. Чанд сол пеш Вазорати маорифи Тоҷикистон низоми либоси ягона (униформ) ва ё формаи мактабиро ҷорӣ кард, ки бар асоси он бо сатр ё рӯсарӣ ҳозир шудан дар таълимгоҳҳо, яъне мактабҳои миёнаву донишгоҳҳо, мамнуъст. Омӯзгорон аз толибаҳо ва донишҷӯён тақозо мекунанд, ки ҳамеша бо либоси ягона ба дарсҳо оянд.