ФМС: Дар Русия 996 000 мард ва 174 000 зани тоҷик иқомат доранд
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ФМС) теъдоди дақиқи муҳоҷирони тоҷикро эълон карда, изҳор медорад, ки феълан дар ин кишвар 1 миллиону 170 ҳазору 825 шаҳрванди Тоҷикистон иқомат доранд.
Тибқи иттилои сомонаи ФМС миёни муҳоҷирон 996 ҳазору 429 нафарашон мард мебошанд, ки 504 ҳазору 436 нафарашонро аз 18 то 29 сола ташкил медиҳанд. Теъдоди занони тоҷикистониро дар Русия ФМС 174 ҳазору 396 нафар арзёбӣ намудааст, ки 61 ҳазору 425 нафарашонро аз 18 то 29-сола ташкил медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик эълон намуданд, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия на бештар аз 800 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Маблағи ирсолкардаи муҳоҷирони тоҷик, ки соли гузашта аз ҳадди 4 миллиард доллар гузаштааст, сарчашмаи асосии муътадилияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.