Ҷалби пулис ба ҷамъоварии ҳаққи барқ дар Суғд
Дар пайи ҷалби маъмурини пулис беш аз 2 миллион сомонӣ ҳаққи барқ аз муштариён дар Суғд ҷамъоварӣ шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зимни як амалиёти махсус шабакаҳои барқии вилоят таҳти санҷиш қарор дода шуданд: “Дар натиҷаи 48 амалиёти гузаронидашуда, 45 корхонаю муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ва 152 нафар муштариён зери санҷиш қарор дода шуда, ба миқдори 2 миллиону 41 ҳазору 42 сомонӣ маблағи қувваи барқи истифодабурдашуда барқарор гардид.”
Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, муштариёнаш аз барқ беш аз 700 миллион сомонӣ қарздоранд, ки қисми зиёди он ба аҳолӣ рост меояд. Аммо Оҷонсии зидди фасод ахиран дар пайи санҷиш дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ эълон намуд, ки бисёре аз қарзҳо, ки “Барқи тоҷик” бори мардум кардааст, беасосанд. Ба иттилои ин ниҳод дар ҳисоботҳо бисёре аз маблағҳо, ки гум шудаанд, ҳамчун қарзи аҳолӣ сабт шудаанд.