Ҳамла ба ронандаи таксӣ ва ғорати 100 ҳазор доллари ӯ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Абдуғаффор Мирбақозода -- ронандаи таксӣ дар шаҳри Истаравшан ҳадафи ҳамла ва ғорати дуздон қарор гирифтааст.
Ба иттилои масъулони ин ниҳод, Мирбақозода 23 сол дошта, дар муроҷиати худ ба пулис гуфтааст, рӯзи 31 май, тахминан соати 13:00 дар шаҳри Истаравшан афроди ношинос ба ӯ ҳамла овардаанд. Ба қавли ӯ, шахсони номаълум аввал ба рӯяш хокаи қаламфур пошида, баъдан аз мошинааш 100 ҳазор доллари амрикоиро гирифтаанд.
“Ӯро латту кӯб ва баъдан мошинаш- “Опел-Астра”-ро аз ҷойи ҳодиса 800 метр дуртар ронда, аз дохилаш маблағи пулии 100 000 доллари амрикоиро гирифта, ғайб задаанд”,-мегӯянд масъулони Вазорати умури дохилӣ. Манбаъ меафзояд, гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса ду гумонбар, сокинони 29 ва 34-солаи шаҳри Истаравшанро боздошт карда, аз онҳо далели шайъӣ мусодира намудаанд.
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.