Дар Душанбе масоили амнияти минтақа, берун шудани нерӯҳои низомии бритонӣ аз Афғонистон то соли 2015 ва ба қувваҳои ҳарбии он кишвар вогузор кардани таъмини амнияти марзу буми давлати исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, зимни мулоқоти муовини вазири умури хориҷа Низомиддин Зоҳидов бо нойиб-Маршали Нерӯҳои Ҳарбӣ-Ҳавоӣ, ҳамзамон ёрдамчии сардори Ситоди Генералии Британияи Кабир Грех Ховард мавзӯоти мазкур муҳокима шуданд. Дар нишаст ҳамчунин Тревор Мур, сафири Британия дар Тоҷикистон ва намояндагони вазорати дифоъи он давлат низ ҳузур доштанд.
Манбаъ афзуд, меҳмонони олирутбаи англис дар мулоқот қайд карданд, ки то соли 2015 теъдоди афсарону сарбозони Британияи Кабир дар Афғонистон аз 9500 то 2000 нафар коҳиш ёфта, ҷараёни ба низомиёни давлати исломӣ супоридани ӯҳдадориҳо аллакай шурӯъ шудааст. Пас аз соли 2015 нерӯҳои бритонӣ дар Афғонистон фақат ба фаъолияти Академияи Ҳарбии Кобул масъул мемонанду бас.