Амалиёти "Нелегал-2014" дар Бадахшон анҷом ёфт
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалиёти “Нелегал-2014” анҷом ёфтааст.
Ҳадафи баргузории онро “санҷиши ҳолати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон” арзёбӣ мекунанд. “Нелегал-2014”-ро гуруҳҳои кории раёсати Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо кормандони раёсати Кумитаи амнияти миллӣ, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ анҷом додаанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани амалиёти муштарак “10 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва вайронкунандаҳои қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”. Аз ҳисоби пардохти ҷарима бошад, ба буҷаи давлат 7 ҳазору 200 сомонӣ ворид гардидааст.