Нигаронии генерал аз афзоиши “разбору лидертарошӣ”-и хонандагон
Генерал Саид Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, аз муноқишаи мактаббачаҳо, ки бештарашон бо кордзанӣ ва куштор меанҷоманд, ибрози нигаронӣ кард. Ӯ волидонро ба масъулиятшиносии бештар даъват намуд.
Ҷӯрахонов дар шарҳи қазияи куштори Бурҳониддин Зарифов -- хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 66-и пойтахт, ки 30-юми май, зимни як муноқишаи ноболиғон сурат гирифтааст, ба “Озодагон” гуфт, “аз аввали соли ҷорӣ 11 ҳолати муноқишаи ноболиғон сабт шудааст, ки се ҳолаташон бо кордачазанӣ ва як ҳолат бо марги инсон анҷом ёфтааст.”
Генерал омили аслии чунин муноқишаҳоро нофаҳмиҳои ночиз миёни ноболиғон арзёбӣ карда, афзуд, дар бисёре аз ин ҳолатҳо ноболиғон даъвои лидерӣ карда, даст ба зӯроварӣ мезананд. “Аз аввали соли ҷорӣ то кунун 11 ҳолати латту кӯб ва кордчазанӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон рух додааст, ки аз ин 3 ҳолат кордчазанӣ буда, як нафар фавтид. Бештари ин ҷиноятҳо бегоҳӣ рух медиҳанд ва волидон низ аксаран беаҳамиятӣ мекунанд. Вақте фарзандашон бевақт аз хона мебарояд, намепурсанд, куҷо ва барои чӣ меравад?”,-афзуд ӯ.
Дар робита ба муноқишаи ахир, ки бо куштори Бурҳониддин анҷомид полковник Баҳриддин Давлатбеков, сардори гуруҳи тафтишотии ин қазия ба “Озодагон” гуфт, “муноқиша аз нофаҳмии ду хонанда дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” оғоз шудааст, ки яке дигареро мегӯяд, ту арӯс надорӣ. Баъд аз ин ҷойро муайян мекунанду мулоқот мекунанд, ки бо кордчазанӣ ва куштори як нафар анҷомид.”
Давлатбеков афзуд, нафари кушташуда ба ин нофаҳмиҳо, дахле надоштааст, вале чун варзишгар буд, ба муноқиша даъват гардидааст: “Феълан 9 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Муайян гардид, ки Бурҳониддинро як ҷавони соли таваллудаш 1996 корд задааст, ки таҳсилро аз синфи 8-ум қатъ карда, то ҳол дар ҷое нахондааст.”
Бурҳониддин Зарифов, хонандаи синфи 11 бегоҳи 30-юми май зимни муноқишаи мактаббачаҳо ба ҳалокат расидааст. Ӯ, истиқоматкунандаи деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат будааст, ки барои таҳсил дар хонаи хоҳари калонияш дар ноҳияи Сино зиндагӣ мекардааст