Бисвал, Обама, Раҳмон ва мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Ниша Десай Бисвал -- ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ вохӯрдааст. Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавзӯи асосии мулоқоти Раҳмон бо Бисвал амнияти минтақа, аз ҷумла дурнамои вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва муттааҳидонаш аз Афғонистон ба шумор мерафт.
Ҷонибҳо дар дидор ҳамкории сиёсию иқтисодии ду кишвар ва сармоягузориву илму техникаро низ ба баҳс кашидаанд. Хонум Бисвал дар идома аз нақши Тоҷикистон дар нигаҳдории амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пуштибонии он аз нерӯҳои байналмилалӣ дар умури таҳкими эътидоли иҷтимоию сиёсӣ дар Афғонистон қадрдонӣ карда, арзу сипоси Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро расонидааст.
Ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гуфтааст, кишвараш омодаи кумак ба нерӯҳои марзбонӣ ва мақомоти зирабти тоҷик дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру дигар ҷинояткориҳои фаромиллист: “Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад ва ин боиси нигаронист. Бо назардошти ин, Амрико омодааст, барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон кумак расонад.”
Ниша Десай Бисвал ба хотири иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико рӯзи 2 июни соли ҷорӣ вориди Душанбе шуда буд.
Дар акс: Ниша Десай Бисвал, ёвари вазири умури хориҷии Амрико (чап) ва Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе (рост)