Баҳси парвандаи латту кӯби Шаҳбол аз сӯи Усмон Ғайратов дар додгоҳ
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе ба баррасии парвандаи Усмон Ғайратов, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар латту кӯби ҳамхидматаш Шаҳбол Мирзоев муттаҳам мешавад, оғоз кардааст. Ин парванда моҳи марти соли ҷорӣ бар асоси моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд.
Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Шаҳбол, мегӯяд, Усмон Ғайратов барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи оинномаи рафтори сарбозон муттаҳам мешавад ва ҳамроҳи ӯ Гулрафтор Ширинова, фелдшери нуқтаи тиббии қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, низ дар курсии айбдорӣ нишастааст. Ширинова барои хунукназарӣ ҳангоми иҷро кор муттаҳам мешавад.
Ин муҳокима бе ҳузури Шаҳбол мегузарад, вале барои иштирок дар мурофиаи баъдӣ, ки 9 июн баргузор хоҳад шуд, Нуъмон Мирзоев - падари Шаҳбол даъват шудааст. Оқои Мирзоев гуфт, ба далели он ки ҳоло бо писараш машғул асту дар навбати аввал саломатии ӯро барқарор кардан мехоҳад, наметавонад дар ин мурофиа иштирок кунад. Вай гуфт, эҳтимол ба ҷои онҳо бархе аз наздиконашон, ки дар Душанбе ба сар мебаранд, ширкат кунанд.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”
Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”
Инчунин ин ниҳод писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро такзиб карда, таъкид намуд, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Радиои “Имрӯз” дар робита ба ин ҳодиса тадқиқоти журналистӣ анҷом дода, маълум кард, ки Усмоналӣ Ғайратов писари Муҳаммадшариф Ғайратов, корманди бахши конселярии Додситонии кулли кишвар мебошад. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадшариф Ғайратов сокини ҷамоати Сари кишти ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар гузашта аз фанни ҷуғрофия дар мактаб ба донишомӯзон дарс мегуфтааст ва давоми чанд соли охир то корманди бахши конселярии додситонӣ расидааст.