Бурҳониддинро кӣ кушт? Назари масъулони маорифу пулис
Раъно Ёрова, мудири мактаби рақами 54-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даст доштани хонандагонашонро дар куштори Бурҳониддин Зарифов -- хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 66-и пойтахт рад кард. Ин дар ҳолест, ки бар асоси хабарҳои расида Бурҳониддин дар пайи муноқиша миёни хонандаҳои мактаби миёнаи рақами 54 ва 66-и шаҳри Душанбе аз зарби корд кушта шудааст.
Ёрова дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ягон талабаи мактабаш дар ин муноқиша иштирок накардааст: “Танҳо як талабаамон, вақте аз варзиш мебарояд, таҷаммӯи одамонро мебинад ва ба он ҷо наздик мешаваду бас."
Мудири мактаб афзуд, дар робита ба ин қазия дар ҳузури вазири маориф ва илму масуълини пулис ҷаласа баргузор шуд: “Саид Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии Душанбе, гуфт, тибқи иттилоияи пешакӣ дар ин куштор нафаре даст доштааст, ки умуман дар ягон ҷо намехонад. Ӯ синфи 9-ро дар мактаби 88 хатм карда, дигар дар ягон ҷо таҳсил накардааст...”
Додоҷон Шарифов, роҳбари синфи Бурҳониддин Зарифов, мегӯяд, марҳум хонандаи хуб буду ҳеч майли ҷангҷӯӣ надошт: “Ин муноқиша аз нофаҳмие дар Интернет оғоз шудааст ва худи Бурҳониддин аз он хабар надоштааст. Ӯро як ҳамсинфаш даъват кардааст ва мегӯянд, вақте муноқиша оғоз мешавад, ӯ талош кардааст, ҷангҷӯёнро халос кунад, аммо худаш аз зарби корд фавтидааст.”
Шарифов мегӯяд, талабаи марҳумаш барои идомаи таҳсил дар Туркия ҳуҷҷат супорида буд ва посух низ гирифт, ки қабул шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ба иттиҳоми куштори Бурҳониддин ҳамчун гумонбар дар ин қазия нуҳ нафар ноболиғи 17-18 сола, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва шаҳрванд Баҳрулло Асоев (соли таваллудаш 1995)-ро дастгир кардаанд: "Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад."