Як корманди шӯъбаи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳалокат расид
Аз шиддати барқ як нафар ба ҳалокат расида, чор тани дигар дар беморхона бистарӣ гаштанд.
Тибқи иттилои вазорати умури дохила, соати 10-и рӯзи 24-уми август, аснои ҷо ба ҷокунии парчамҳо дар зери хатти баландшиддати барқ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт, кормандони шӯъбаи сохтмонии ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ: Бӯрибой Каримови 18-сола, сокини рустои Кули Ҳавоии ноҳияи Варзоб, Равзалӣ Холови 32-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чорбоғ, Сафар Раҷабов, сокини рустои Муғулои Поён, Файзиддин Ёров ва Равзалӣ Ёров ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аснои интиқоли онҳо ба касалхона Бӯрибой Каримов ба ҳалокат расидааст.