Латту кӯби Меъроҷ барои он ки формаи мактабӣ нахаридааст
Саидхон Азизхонов, як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ки дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, бо ирсоли номае ба унвонии “Озодагон” кумак хостааст. Ӯ дар номаи худ менависад, рӯзи 26 майи соли ҷорӣ Аҳрор Мирзоҷонов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 42-и ноҳия, писараш – Меъроҷро барои он ки либоси ягона (форма)-и мактабӣ надоштааст, задааст.
Ба қавли Азизхонов, дар натиҷа майнаи сари Меъроҷ осеб дида, ҳоло ӯ дар бемористони марказии Ашт, воқеъ дар шаҳраки Шайдон, бистарӣ мебошад. Ин сокини Ашт, ки номаи худро дар муҳоҷират навиштаву баъдан телефонӣ бо мо сӯҳбат кард, гуфт, нав вориди Русия шуда, ҳанӯз пул кор накардааст ва аз ин рӯ натавониста буд барои харидории либоси ягонаи мактабӣ ба писараш пул фиристад.
“Дар нимаи дувуми моҳи май маъмурияти мактаб аз талабагон талаб кардааст, ки либоси ягонаро аз мактаб харанд. Вақте писарам ин хабарро ба ман расонд, гуфтам, ки ҳозир маблағ надорам ва таҳсил ба охир расида истодааст, формаи мактабиро моҳи сентябр мехарам. Дере нагузашта ин ҳодиса рух дод”,-афзуд ӯ.
Азизхонов мегӯяд, агарчӣ латту кӯби писараш аз сӯи Мирзоҷоновро муаллимаи ибтидоӣ -- Ҳадиса Ҳаитова ва дигарон низ дидаанд, аммо чорае наандешидаанд. “Баъд аз ин ҳодиса рақами телефони директори мактаб Насибҷон Қодировро ёфта, 27 май ба ӯ занг задам ва дар бораи ин ҳодиса пурсидам. Гуфтам, ки дар Тоҷикистон ҷои кор надорам ва ба Русия ба наздикӣ омадам. Ҳоло кор наёфтаам ва аз куҷо пул ёфта, формаи мактабиро мехарам? Ӯ ба ман гуфт: “Мошинаатро фурӯхта, формаи мактабиро гир”,-нақл кард Саидхон Азизхонов.
Падари Меъроҷ мегӯяд, баъд аз он ки гуфт, аз рӯи ин ҳодиса ба додситонӣ шикоят мебарад, сарвари мактаб дарҳол роҳи мусолиҳаро пеш гирифтааст: “Гуфт, ки ин хел накун. Ҳамаамон аз як маҳаллаем. Ту на пули мактабро деҳу на формаи мактаби гир. Мо чораи ин муаллимро худамон мебинем. Вале то ҳол ягон чорае надида, аз ҳоли писарам низ напурсидааст.”
Баръакс, ба гуфтаи Саидхон Азизхонов, баъд аз бистарӣ шудани Меъроҷ дар бемористони марказӣ директори мактаби рақами 42 ба хонаи падари ӯ омада гуфтааст, “агар аризаатонро аз додситонӣ нагиред, 8-10 муаллим бар зидди Шумо мактуб тайёр мекунем”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Азизхонов, онҳо то ҳол ба ягон ниҳод барои расидагӣ ба қазияи писараш муроҷиат накарда, додситониву пулис дар ин бора аз табибон иттилоъ гирифтаанд. “Азбаски рӯзҳои наздик бо сабабҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон рафта наметавонам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ба ман роҳнамоӣ кунед ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани ин афрод, ки боиси бистарӣ шудани писарам гардидаанд, кумак кунед”,-дар охири номааш хоҳиш кардааст Саидхон Азизхонов, сокини ноҳияи Ашт.