Шералӣ Хайруллоев: “Хоруғу Ворух ҳамоно низоъбарангез боқӣ мондаанд”
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба умури амнияти миллӣ, ҳангоми мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон изҳор доштааст, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ду минтақа - шаҳри Хоруғ ва ҷамоати Ворухи Исфара ҳамоно низоъбарангез боқӣ мондаанд.
Хайруллоев дар ин мулоқот, ки 31 май дар ҳузури раҳбарони маҳаллаҳои вилояти Бадахшон сурат гирифтааст, изҳор доштааст, ки бо вуҷуди талошҳои ҳукумати Тоҷикистон баъд аз солҳои 1997 барои устувор намудани суботу амният дар кишвар, ҳанӯз ҳам ин ду минтақа - Хоруғ ва Ворух маҳалли низоъбарангез боқӣ мондаанд. Ӯ таъкид кард, ки мақомоти тоҷик тамоми талошҳоро барои амният дар ин минтақаҳо амалӣ хоҳанд кард.
Ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла ташкили гуруҳи кории муштарак барои таҳқиқи қазияи тирпаронии 21 майро дар Бадахшон зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ ба хотири ҳифзи суботи минтақа ташкил шудааст. Ӯ ин таҷрибаро бесобиқа гуфта, афзудааст, “ёд надорам, ки дар кишваре барои таҳқиқи чунин қазия гуруҳи корӣ бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил шуда бошад.”
Дар идома Хайруллоев ҳодисаи 21 майи соли ҷориро зуҳуроти нигаронкунанда на танҳо барои шаҳри Хоруғ, балки тамоми минтақаи Осиёи Миёна хонда, аз фаъолшавии Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон ҳушдор додааст. Бо зикри ин, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба умури амниятӣ аз раҳбарони маҳаллаҳои Бадахшон даъват кардааст, барои таъмини мусоламатомези суботу оромии ин минтақа саҳмгузор бошанду ба сухану ҳарфҳои иғвоангезона гӯш надиҳанд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон низ дар навбати худ аз суханони Хайруллоев ҷонибдорӣ карда, аз ҳукумати кишвар талаб кардаанд, мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пурзӯртар кунад, чун яке аз омилҳои асосии нобоварии мардуму ҳукумат дар минтақа мебошад. Зимни ин мулоқот, инчунин, созиш шудааст, ки мардуми маҳаллӣ ба кори гуруҳи корӣ оид ба таҳқиқи қазияи 21 майи Хоруғ дахолат нахоҳанд кард.
Хайруллоев дар охир тамоми пешниҳодҳои намояндагони ҷомеаи мадании Бадахшонро қабул карда, қавл додааст, ки қазияи ахир мунсифона ва одилона таҳқиқ хоҳад шуд: “Тамоми дастандаркорони қазия, сарфи назар аз он, ки аз ҷониби мақомоти қудратӣ аст ё сокинони маҳаллӣ беҷазо нахоҳанд монд.”