“Gangnam Style” нахустин наворе дар YouTube, ки беш аз ду миллиард тамошобин дорад
Клипи таронаи “Gangnam Style”-и PSY, рэпсаро аз Кореяи Ҷанубӣ дар YouTube ду миллиарду 482 ҳазор маротиба тамошо шудааст.
Ин нахустин навори видеоие дар шабакаи мазкур аст, ки ба ин миқдор тамошо шудааст. Тақрибан 8,3 миллион корбари YouTube зери клипи мазкур аломати “писандида”-ро зер кардааст.