Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номае Сисиро табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони Абдулфаттоҳ Сисӣ, ӯро ба хотири пирӯзияш дар интихоботи президентии Миср табрик гуфтааст.
Дар номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои нави мисриаш аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Миср осоишу тараққӣ ва шукуфоӣ орзу намоям.”
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз рағбати самимии худ барои бо ҳамкорӣ Сисӣ дар роҳи устувории сулҳу амонӣ хабар дода, таъкид кардааст: “Дар чунин лаҳзаҳои гуворо мо аз умқу аҳамияти равобити таърихии ду кишвар ва мардумони он ёд карда, рағбати самимии хешро барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки худ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ ҷиҳати таҳким бахшидани равобите, ки орзуҳои моро дар роҳи устувор гардондани сулҳу амонӣ ва рушду тараққӣ таҷассум месозанд, таъкид менамоем.”
Табрикот ва истиқболи Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзии Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи пешини қувваҳои мусаллаҳи Миср, дар ҳолест, ки бо вуҷуди ба курсии раёсат нишастани Муҳаммад Мурсӣ, яке аз раҳбарони Ихвонулмуслимин дар Миср давоми беш аз як сол ҳукумати Тоҷикистон номи ҳаракати мазкурро аз руйхати мамнуъулфаъолият дар қаламрави кишвар берун накарда буд.
Интихоботи президентии Миср баъд аз кудетои низомӣ ва боздошту зиндонии Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури баргузидаи ин кишвар, рӯзи 26 май баргузор шуда, дар пайи тамдиди муҳлаташ бо “пирӯзӣ”-и Сисӣ анҷом ёфт. Дар интихобот ду номзад - Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи пешини қувваҳои мусаллаҳ ва асосгузори кудетои низомӣ дар Миср ва Ҳамдейн Сабоҳӣ, муассиси Ҳаракати мардумии ин кишвар барои дарёфти курсии раёсат вориди рақобат шуда буданд.
Абдулфаттоҳ Сисӣ 60 сол дошта, дар гузашта ба ҳайси вазири дифои Миср ифои вазифа кардаасту аз моҳи августи соли 2012 то 27 марти соли ҷорӣ, дақиқтараш қабл аз эълони номзадияш дар интихоботи ҷорӣ симати сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишварашро бар дӯш дошт. Ҳамзамон раҳбари Шӯрои олии қуваҳои мусаллаҳи Миср ба шумор рафта, аз 16 июли соли 2013 то моҳи марти соли ҷорӣ курсии муовинии нахуствазирро низ дар ихтиёр дошт. Ӯ таҳсилдидаи таълимгоҳҳои низомии Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидами Амрико мебошад.
Пирӯзии собиқ сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбӣ дар интихоботи президентии Миср дар ҳолест, ки бо дастури ӯ ибтидои моҳи июли соли гузашта Муҳаммад Мурсӣ, ки дар пайи интихоботи мардумӣ баъд аз тазоҳуроти маъруф ба 25 январ ба курсӣ нишаста буд, боздошт ва ба макони номаълум бурда шуда, ҳоло баҳсҳои догоҳии ӯ идома дорад.