Дастгир шудани 10 нафар ба иттиҳоми куштори хонандаи синфи 11
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 30 майи соли ҷорӣ бар асари муноқиша миёни мактаббачагон дар Душанбе хонандаи синфи 11-и мактаби 66-и пойтахт ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора нахуст ба мақомти пулис Шамсиддин Зарифов, сокини 57-солаи Душанбе, муроҷиат кардааст.
Оқои Зарифов дар муроҷиати худ гуфтааст, соати ҳашти шоми 30 май дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт шахсони номаълум писари ноболиғи 17-солааш, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро зери лату кӯб қарор дода, сипас бо олоти буранда ба ӯ дар қисми шикамаш ҷароҳат расонидаанду аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
"Дар натиҷа, писари ноболиғаш аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст",-мегӯянд мақомоти ВКД. Ба қавли онҳо, рӯзи 31 май гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ин қазия нӯҳ нафар ноболиғи 17-18 сола, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва шаҳрванд Баҳрулло Асоев (соли таваллудаш 1995)-ро дастгир кардаанд: "Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад."
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карда, афзуданд, феълан дар робита ба ин қазия бо иштироки намояндагони мақомоти қудратӣ ҷаласаи изтирорӣ давом дорад, ки аз натиҷаҳои он хабар дода хоҳад шуд.